Бо гузашти панҷ рӯз аз ҳодисаи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак дар ноҳияи Фархор, ҳанӯз ду кӯдаки дигар пайдо нашудаанд. Мақомот гуфтанд, “Мадина Ҳалимова бо чаҳор тифлаш худро ба дарё партофта, поинтар худаш аз об берун шуд, вале кӯдаконро об бурд”.

Аз Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб имрӯз, 4-уми июл ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҷустуҷӯйи ду тифли дигар- Латофати 5-сола ва Ёсамини 2-сола то ҳол идома дорад.

Қаблан, мақомот дар бораи дарёфти ҷасади Зайнаби 3-сола ва Муҳаммади 2-моҳа иттилоъ дода буданд.

Худи ҳодиса шаби 29 ба 30-юми июн байни соатҳои 00:00 ва 01:00 рух дода, аз чор кӯдак калонии онҳо панҷсола ва аз ҳама хурдӣ ҳамагӣ думоҳа буданд.

Аз Раёсати КҲФ дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, то ҳол 60 километри дарозии дарё аз ҷойи ҳодиса ҷустуҷӯ шуда, кӯдакон пайдо нагардидаанд ва ҳоло кофтуков дар дарёи Панҷ идома дорад.

Сайфулло Ҳалимов, падари Мадина Ҳалимова низ имрӯз дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳанӯз ду набераи дигарашро пайдо накардаанд.

“Кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлобу Бохтар ва мардуми маҳалливу пайвандон ҷустуҷӯро дар дарёи Панҷ идома медиҳанд”, - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд.

Баъдтар КҲФ ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки сабаби ҳодиса “баҳси дузанагӣ” аст. Вале дертар, шавҳари ин зан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин фарзияро рад карда, “бемори рӯҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа муаррифӣ кард. Ин фарзияро падари зан ҳам тасдиқ намуд.

Тафсилоти ҳодиса ва суҳбати шавҳару падари мадина Ҳалимоваро дар маводи “Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.