Душанбе. 3-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати зудамал ва фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо хизматчиёни Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ зимни баргузории амлиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон махфигоҳҳо бо миқдори зиёди маводи мухаддир дарёфт карданд.
Аз агентӣ хабар доданд, ки дар таърихи 30-уми июн дар
мавзеи Ҷамантали ҷамоати Бедибоеви ноҳияи Мурғоб дар километри 11-уми роҳи
мошингарди Мурғоб-Хоруғ махфигоҳе пайдо гардид, ки дар он 21 кило маводи нашъадор пинҳон шуда буд. «Ҳамин рӯз гурӯҳи ҷустуҷӯӣ дар километри 147-уми роҳи мошингарди Мурғоб-Ош махфигоҳи дуввумро дарёфт карданд, ки
дар он дар халтаҳо 65 кило нашъа пинҳон шуда буд», - изҳор дошт сарчашма.
Санадҳои далели дарёфти махфигоҳҳо ба шӯъбаи тафтишоти агентӣ супурда шудааст ва барои муайян кардани соҳибони махфигоҳҳо чорабиниҳо андешида мешаванд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста