Кӯлоб. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар қаламрави шаҳру ноҳияи Кӯлоб кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ 9 адад автомати Калашниковро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Абдулваҳҳоб Искандаров хабар дод, ғайр аз ин, аз аҳолӣ боз ду таппончаи Макаров, ҳашт силоҳи шикории ғайриқонунӣ нигоҳдошташуда, 10 адад корди ҷангӣ ва 700 дона тирҳои қутри гуногун низ мусодира шудаанд.

Ба қавли ӯ, ин аслиҳа аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ монда, ахиран содир шудани ҷиноят бо истифода аз аслиҳа дар минтақа кам ба мушоҳида мерасад.

Ба иттилои манбаъ, соли равон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 175 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи ошкорсозии он ба 94,6% баробар аст. «Дар ин давра муяссар шуд, ки 13 ҷинояти солҳои пешин ошкор карда шуда, аз 13 нафар бедаракшудагон 11 нафар дарёфт шуданд», - афзуд номбурда.