Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз рӯйи далели фурӯш ё тақсимоти ғайриқонунии қитъаҳои замин ду баробар зиёдтар парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Раиси Додгоҳи олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев дар ҷамъи рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала гуфт, дар зарфи шаш моҳи соли равон аз рӯйи далелҳои дар боло зикршуда нисбат ба 76 нафар шахсон 66 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли соли гузашта дар ин хусус нисбати 34 нафар 34 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

«Рақамҳои боло гувоҳи онанд, ки дар самти пешгирии далелҳои ғайриқонунии фурӯш ва тақсимоти замин мақомоти дахлдори кишвар ба корҳо тақвият бахшидаанд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Додгоҳи Олӣ аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ 1 ҳазору 352 арзу шикоят ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар бештар аст.

«Афзоиши шумори арзу шикояти шаҳрвандон ба Додгоҳи Олиро ман ба баланд гардидани сатҳи дониши ҳуқуқии тоҷикистониён марбут медонам», - мегӯяд Н.Абдуллоев.