Ваҳдат. 19-уми июл. «Азия-Плюс» - | Дар шаҳри Ваҳдат, ки дар 20 километрии шаҳри Душанбе воқеъ аст, якчанд нафар ба иттиҳоми харидуфурӯши кӯдакон маҳкум шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Дар ҳодисаи аввал Мория Бобиева моҳи сентябри соли 2010 дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат фарзанд ба дунё оварда, аз сабаби он ки шароити нигоҳубини кӯдакро надошт, роҳи аз ӯ халос шуданро ҷустуҷӯ кард. Бобиева дар натиҷаи маслиҳати пешакӣ бо ҳампалатааш Ашурбӣ Мачитиева, фарзандашро ба хешовандони номбурда Х.Пирова ва Г.Забиров ба маблағи 400 доллари ИМА фурӯхт.

Сарвиноз Қосимова бошад, зодаи шаҳри Душанбе буда, дар шаҳри Ваҳдат хонаи иҷора дошт. Вай аз муносибати ғайримашрӯъ бо марди бегона ҳомиладор гардида, 26-уми декабри соли 2010 дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат духтар таваллуд кардааст. Сарвиноз бо мақсади фурӯхтани тифли навзодаш бо ҳамсарон Султонмурод ва Матлуба Азиммуродовҳо забон як карда, 29-уми декабр кӯдакро ба ивази хизматона ва як миқдор маблағ фурӯхтааст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Ваҳдат Насрулло Каримов иттилоъ дод, ҳамаи шахсони ба ин ҷиноятҳо дахлдошта бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат ҷазо гирифтанд. Мория Бобиева ба ҷазои 8 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардида, дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шартан татбиқ накардани ҷазо) барои ӯ 5 сол мӯҳлати санҷиш муқаррар гардид.

Нисбат ба Султонмурод Азиммуродов бошад, дар асоси моддаи 63 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст) 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуд. Ҳамзамон нисбат ба Матлуба Азиммуродова ва Сарвиноз Қосимова мутобиқи моддаи 63 Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷазои 5 сол маҳрумият аз озодӣ таъин гардид. Вале дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шартан татбиқ накардани ҷазо) ба онҳо низ 5 сол мӯҳлати санҷиш муқаррар карда шудааст.