Ахири ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 8 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Муссо», таҳти идораи шаҳрванди 46-солаи пойтахт, пеш суд нашудааст, муваққатан кор намекунад, дастгир карданд.

Дар рафти азназаргузаронӣ аз даруни автомашинаи мазкур халтаи селофаниро, ки дар дохилаш 8 бастаи маводи ранги равшани бӯи махсусдошта буд, кашф ва мусодира намуданд. Дар асоси хулосаи лабораторияи ташхиси судии Агентӣ маводи мусодирашуда навъи героин буда, ҳаҷми он ҳудудан 8 килоро ташкил дод.

Дар ҷараёни пурсиши ронанда муайян гардид, ки героин ба ду мусофири автомашинаи ӯ - сокини 37-солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ (нигоҳдории ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон) суд шуда буд ва сокини 40 – солаи шаҳри Душанбе тааллуқ доштааст. Онҳо ният доштанд ин миқдор маводро барои фурӯш ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.

Аз рӯи ин ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, шахсони дастгиршуда ба тафқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. Дар айни замон Агентӣ барои ошкор ва дастгир намудани афроди дигаре, ки дар содир кардани ин ҷиноят иштирок намудаанд, чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ анҷом медиҳад.