Чанде қабл дар шаҳри Душанбе  аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 9 кило маводи мухаддири навъи канабис мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ и»Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир , кормандони милиса шҳрванд Т.М.-и 37-соларо боздошт кардаанд.

«Зимни кофтукови манзили зисти боздоштшуда, аз он 9 килову 150 грамм маводи мухаддири гурӯҳи канабис дарёфт ва мусодира гардид», - гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, соли равон аз ҷониби кормандони ин сохтор беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.