Прокуратураи генералии Тоҷикистон аризаи адвокати маҳкумшуда Садриддин Тошев ва номаи собиқ раиси Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаровро тавзеҳ дод.

«Дар хусуси Искандаров. Дар робита ба ин масъала мо мулоҳизаи Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон доир ба парвандаи мазкурро гирифтем ва онро мавриди омӯзиш қарор додем. Тавре аз маводи парванда бармеояд, ҳуқуқҳои М.Искандаров, ки дар Аҳднома дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ риоя шудаанд, - мегӯяд сардори Раёсати муносибатҳои байнулмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералии ҶТ Абдусамеъ Додобоев. – Риояи ҳуқуқҳои М.Искандаров ҳам дар доираи қонунгузории дохилӣ ва ҳам дар чаҳорчӯби сандаҳои байнулилалии ҳуқуқӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин карда шуданд. Ҳангоми баррасии мулоҳизаи Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва омӯзиши парвандаи ҷиноӣ мо тасдиқи далелҳоеро, ки дар аризаи бародари М. Искандаров Темур Тошев зикр ёфтаанд, пайдо накардем. Моҳи августи соли равон бо назардошти натиҷаҳои санҷиш мо ба Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар ин хусус маълумоти муафассал фиристодем».

«Ба фикрам, дар Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон парвандаро наомӯхтаанд. Умуман ба баррасии дубораи парвандаи Искандаров зарурате нест», - гуфт вай.

Ба гуфтаи Додобоев нисбат ба Садриддин Тошев қонуни афв татбиқ гардид, вале ӯ озод карда намешавад.

«Қонуни афви 2001, ки ба он адвокати Тошев ишора мекунад, нисбат ба маҳкумшудаи мазкур мавриди истифода қарор гирифта наметавонист, зеро мутобиқи моддаи 17, банди 8-и қонуни афви мазкур, афв нисбати шахсоне, ки дар содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо гунаҳкор дониста шуда буданду яке аз онҳо дар зербандҳои «А» ва «Б»-и моддаи мазкур пешбинӣ мешуд, татбиқ намегардид. Ин ҷо сари ҷиноятҳое чун одамкушӣ, ғоратгарӣ, тамаъҷӯйӣ ва ғайра сухан меравад», - гуфт вай.

Ба қавли номбурда, барои содир намудани маҳз чунин ҷиноятҳо Тошев маҳкум гардида буд ва ин ба масъалаи афви соли 2001 дахл дорад. «Дар масъалаи табиқи Қонуни афи соли 2011 нисбат ба Тошев гуфта метавонам, ки он нисбат ба маҳкумшуда мавриди истифода қарор гирифта, мутобиқи он, мӯҳлати ҷазои ӯ 2 сол кам карда шуд», - афзуд А. Додобоев.