Дар вилояти Суғд нисбат ба як гурӯҳи иборат аз 34 нафар, ки ба узвият дар созмони ҷиноятпешаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) даст доранд, ҳукми суд содир шуд.
Дар бинои боздоштгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ таҳти раёсати судяи суди вилоят Ҷӯрабек Шеров оид ба ин парванда ба итмом расид. Дар курсии айбдорӣ 34 нафар менишастанд, ки аксаран сокинони ноҳияи Исфара буда, ба узвият дар ҲИӮ ва содир намудани ҷиноёти вазнин гумонбар дониста мешуданд.
Қариб ҳамаи онҳо асосан дар содир намудани ҷиноёте чун куштор, ташкили ғайриқонунии гурӯҳи мусаллаҳ, ғоратгарӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, барангехтани низои нажодиву маҳалгаройӣ ва мухолифати мазҳабӣ, бо роҳӣ зӯроварӣ ба даст гирифтани ҳокимият ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии ҶТ айбдор карда мешаванд.
Суд аъзои гурӯҳро, ки синнусолиашон аз 18 то 55-соларо ташкил медиҳад, ба муҳлатҳои аз 8 то 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Зикр гардид, ки ҳалномаи суд ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифта, маҳкумшадагон метавонанд аз болои он шикоят баранд.
Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 135 нафар аъзои фаъоли аҳзобу ҳаракатҳои динии ифротгароӣ ошкор карда шуда, нисбати онҳо 14 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Миёни онҳо аъзои «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ғайра ҳузур доштанд.
Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста