Дар вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов оғоз гардид.

Мурофиаи аввали судӣ рӯзи 19-уми ноябр таҳти раёсати судяи суди вилояти Хатлон Маҳмудҷон Ғуломов баргузор шуд.

Вакили мудофеи Наботов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, зерҳимояи ӯ мутобиқи моддаҳои 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), 319 (Гирифтани пора), 314 (Суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, 247 (Қаллобӣ) ва 358 (Боздошти ғайриқонунӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

Вакили мудофеи айбдоршаванда таъкид кард, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ айбнома тибқи моддаи 200-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) нисбат ба зерҳимояи ӯ бинобар сабаби исботи худро наёфтан бекор гардид.

Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқоннии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов мутобиқи шаш моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.