Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал дар остонаи сафари гузоришгари махсуси СММ оид шиканҷа ва дигар кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор Хуан Мендес ба Тоҷикистон (10-18-уми май) аз ҳукуматдорони кишвар дархост кард, ки ҳодисаҳои муроҷиати шаҳрвандон дар бораи нисбати онҳо истифода шудани шиканҷа бояд мавриди тафтишоти объектививу беғаразона қарор гирифта, онҳоро аз мавридҳои таъқибот ҳимоя намоянд.
Дар изҳороти интишоршудаи Amnesty International дар хусуси аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Ваҳдат мавриди шиканҷа қарор гирифтани Тағойбек Шарифбекови 31-сола хабар дода мешавад.
Санаи 7-уми апрели соли равон Тағойбек Шарифов ба гумони даст доштан дар дуздии телефони ҳамроҳи шарики худ аз Афғонистон боздошт шуда, сипас мавриди шиканҷаи кормандони шуъба қарор мегирад.
Наҷмиддин Наҷмиддинов, вакили мудофеи Т.Шарифов мегӯяд, шоми ҳамон рӯз кормандони милиса ӯро ҷавоб дода, шиносномаи дохилӣ ва хориҷии ӯро мегиранд ва ҳамчунин супориш медиҳнд, ки пагоҳ ба онҳо 1 ҳазору 700 сомонӣ маблағ орад. «Бояд гуфт, ки ҷабрдида – шаҳрванди Афғонистон аз замони боздошти Шарифов изҳор кардааст, ки ӯ ба ҷиноят даст надорад, вале кормандони милиса онро нодида гирифтанд», - гуфт вакили мудофеъ.
Рӯзи 14-уми апрел Н.Наҷмиддинов дар ҳузури Прокурори генералӣ оид ба ин ҳодиса ба ӯ хабар дода, хулосаи судиву тиббӣ ва аризаи модари Тағойбековро пешниҳод менамояд ва барои тафтиши ин қазия аз Прокуратураи генералӣ мансабдори масъул таъин карда мешавад.
Аммо созмони Афви Байнулмилал аз он изҳор нигаронӣ мекунад, ки мансабдори масъули Прокуратураи генералӣ кӯшиш дорад ба Тағойбек Шарифов фишор орад, то ки ӯ аз даъвои худ даст кашад, зеро дар ин хусус зимни суҳбати ӯ бо Шарифбеков ва модари ӯ «ишора» шудааст. Тағойбек Шарифов аз болои ин рафтори мансабдори масъули Прокуратураи генералӣ ба ҳукуматдорон шикоят бурда, акнун интизори посухи онҳо мебошанд.
Amnesty International ҳамчунин қаблан аз ҷой доштани моддаи «Туҳмат» дар Кодекси ҷиноии ҶТ изҳори ташвиш намуда, тавсия дода буд, ки он аз рӯйхати амалҳои барои ҷазо пешбинишуда хориҷ гардад.
Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста