Суд нисбати айбдоршавандагон оид ба қазияи марги Парвиз Давлатбеков ҳукм содир намуд.

Беҳрӯз Шарифови 16-сола дар қатли Парвиз Давлатбеков гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Суд ба чунин хулоса расидааст, ки маҳз зарбаҳои ӯ барои П.Давлатбеков марговар будаанд. То ба синни балоғат расидан Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғон адо мекунад.

Судшавандагони дигар – Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Нисбат ба айбдоршавандаи дигар – ноболиғ Ҳасан Абдурашидов ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 40 сомонӣ баробар аст) таъин карда шуд.

Зимни қироати ҳукм судя Фахриддин Додометов изҳор кард, ки аризаи Ш.Давлатов дар бораи нисбати ӯ истифода шудани шиканҷаву зӯроварӣ зимни тафтишот тасдиқ нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, хешовандону наздикон ва вакилони мудофеи маҳкумшудагон аз ҳукми суд изҳори норозигӣ карда, аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят бурданианд.

Намояндаи ҷониби ҷабрдида Рустами Ҷонӣ гуфт, аз ҳукми суд розӣ аст ва эътироз нахоҳад овард. Холаи марҳум Шарифа Худобахшева изҳор кард, ки ӯ хостори ҷазои сангин натанҳо ба Беҳрӯз Шарифов, балки ба дигарон низ аст, вале ба ҳар ҳол, бо назардошти ҷавонии онҳо, аз болои ҳукм шикоят нахоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабр бо сарулибоси Бобои Барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол дар кӯча аз зарбаҳои корд ҷароҳат бардошта, рӯзи 2-юми январ дар беморхона ба ҳалокат расид.