Кормандони милиса аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 22 кило маводи мухаддири ҳашишро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод ду нафар сокинони 23 ва 24-солаи маҳаллӣ боздошт гарда, зимни кофтукови шахсии онҳо аз яке 15,5 ва аз дигарӣ 6,4 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст. Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 22 килоро ташкил додааст.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.