Зимни ду амалиёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ноҳияи наздисарҳадии Ҳамадонӣ 107 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ зимни амалиёт дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҳамадонӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Афғонистон боздошт шуданд.

Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи онҳо 46 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори махсусан калон, яъне 42 кг ҷой дошт, дарёфт ва мусодира гардид.

Ҳамчунин зимни амалиёт дар деҳаи Сайроби ҳамин ноҳия кормандони милиса шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 37 килою 755 грамм маводи сахттаъсири «героин», 16 килою 300 грамм маводи нашъадори «афюн», 10 киллою 695 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 3752-дона таблеткаҳои психотропии «МДМА» дар вазни 880 грамм, ки ҳамагӣ  ҷамъ дар умум 65 килою 630 грамм маводи мухаддирро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид.