Корманди мақомоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба ришваситонӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корманди 48-солаи гумруки фурудгоҳ Валӣ Нуровро барои гирифтани пора ба маблаги 200 сомонӣ аз мусофири аз Маскав омада боздошт кардаанд.

«Ҳангоме ки Фахриддин Ҷураеви 20-сола аз шуъбаи бағочҳои фурудгоҳ бағочи худро гирифтанӣ мешавад, бо муомилаи бевиҷдононаи корманди гумруки фурудгоҳи байнулмилалӣ дучор шудааст», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.