Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода таҳти назорати худ гирифтани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба шаҳрвандони Қирғизистон дар робита ба фурӯши ғайриқонунии симоб дар ноҳияи Исфараро ваъда кардааст.

Бино ба маълумоти сомонаи Прокуратураи генералии Қирғизистон, зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қирғизи худ Аида Салянова, Шерхон Салимзода гуфтааст, ҷараёни тафтишоти парвандаи мазкур таҳти назорати ӯ қарор хоҳад дошт.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар вилояти Ботканд 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гаравгон гирифта шуда буданд. Ҳадафи ин амал ивази онҳо ба се нафар қирғизистониҳо буд, ки бо 103 кило симоб дар вилояти Суғд дастгир шуда буданд. Айни замон гаравгонон озод карда шудааанд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зимни гуфтушунид дар Исфара бобати ҳодисаи ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар вилояти ҳаммарзи Ботканд ба мувофиқа расиданд, ки ин қазия дақиқан мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.