Соли равон дар суди шаҳри Кӯлоб аз 122 нафари дар парвандаҳои ҷиноӣ ҳузурдошта танҳо нисбат ба 67 тан ҷазои маҳрумият аз озодӣ татбиқ карда шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои пешин ин нишондиҳанда мудом қариб ба 100 дарсад баробар буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси суди шаҳри Кӯлоб Саидҷаъфар Юлдошев хабар дод, дар қонунгузории нав ба ивази аз ҳисоби буҷет таъмин кардани будубоши маҳбус бештар ба ҷанбаи иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, суд 14 нафар қонуншиканонро ҷаримаи пулӣ баста, ба буҷети давлат 251 ҳазору 270 сомонӣ маблағи иловагӣ фоида овард. «Боз 12 нафари ба корҳои ҳатмии ислоҳӣ ҳукмшуда низ ба ҳар навъе нафъашон ба давлат хоҳад расид», - гуфт вай.
Ба қавли ёвари раиси суди шаҳр, аз 1 ҳазору 216 парвандаҳое, ки соли равон мавриди баррасии суд қарор гирифтаанд, аз нисф зиёдашро ҳодисаҳои қонуншиканиҳои маъмурӣ ташкил дода, тибқи онҳо ба буҷети ҷумҳурӣ 119 ҳазору 265 сомонӣ маблағ ворид шудааст.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли ҷорӣ 13 нафар ронандагоне, ки зимни идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ боздошт шуда буданд, аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум гардиданд.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста