Зимни баргузори як амалиёти махсус дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд кормандони милиса ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди 37-сола Ҷумъахон Нуровро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 3-бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 4 килою 389 грамм маводи нашъадори навъи «героин» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», - гуфт манбаъ.