Собиқ сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд полковники милиса Хайриддин Алиев чанде қабл аз ҷониби кормандони Агентии зидиифасоди ҷумҳурӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 4 ҳазор доллари ИМА ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба гуфтаи сардори Агентӣ Фаттоҳ Саидов, собиқ сардори милисаи шаҳри Панҷакент, ки аввали сол аз кор озод карда шуд, зимни сари мансаб қарор доштан бо ҳар навъе ба баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ дар парвандаҳое, ки ӯ ба сифати гумонбар ҳузур дошт, монеъа эҷод мекардааст.

«Муайян карда шудааст, ки Алиев шоҳидонро водор намудааст, ки қаламрави кишварро тарк намоянд ва ҳудаш ҳам ба бозпурсӣ назди муфаттишони Агентӣ ҳозир нашуда, баъди аз мансаб сабукдӯш гардидан, бо далели шайъӣ боздошт шуд», - таъкид дошт Саидов.

Дар бораи ҷузъиёти дигари ин қазия, аз ҷумла бо чӣ сабаб пора гирифтани сардори милиса роҳбари Агентӣ маълумоте пешниҳод накард.