Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов боз ба се далели тамаъҷӯи айбдор карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Фазлиддин Худойбердиев хабар дод.

«Зерҳимояи ман тасдиқ мекунад, ки ин айбҳо сохтаанд ва ин ҷо боз ҳолатҳои нав. Гӯё аз ҷониби се нафар дар бораи далелҳои тамаъҷӯии журналист дар солҳои пешин аризаҳо ворид шудаанд, вале ин далелҳо алҳол тасдиқ нашудаанд», - иброз дошт адвокат.

Айни замон Исмоилов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад ва дар давраи тафтишот дар ин ҷо нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Ба ӯ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 247, қ. 2 (Қалобӣ) ва 250, қ. 2 (Тамаъҷӯӣ) айбнома пешниҳод шудааст.

Маҳмадюсуф Исмоилов қаблан низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Дар таърихи 23-юми ноябри соли 2010 ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, муддати 11 моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошт. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани низоъи милли нажодӣ, этникӣ ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда шуда буд.

Моҳи октябри соли 2011 дар бинои тавқифгоҳи мувақкатии №2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судии Исмоилов доир гардида, ӯ тибқи ҳамаи моддаҳо айдор ва дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштан, ҳаҷми ҷарима то 35 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи фаъолияти журналистӣ ба муҳлати се сол маҳрум гардида, аз толори суд озод гардида буд.

Аввали ҳамин моҳ иттилоъ дода будем, ки журналист Маҳмадюсуф Исмоилов дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар шудааст.