Муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба порагирӣ муттаҳам дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, айбдоршаванда аз сокини маҳаллӣ барои додани билети ҳарбӣ дар ҳаҷми 1,4 ҳазор $ маблағи пулӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани он бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

«Нисбати муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) паврандаи ҷиноӣ боз гардида, баъди тафтишот ба баррасии суд ирсол шуд», - гуфтанд дар Раёсати Агентӣ.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 47 ҳодисаҳои қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 76 ҳодиса) ба қайд гирифта шудаанд.