Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбарон дар парвандаи «гаравгонон»-и украиниро ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шавқат Қосимов, адвокати шаҳрванди Қазоқистон Сафархоҷа Партоев хабар дод, зерҳимояи ӯ гӯё се нафар шаҳрвандони Украинаро дар шаҳри Душанбе гаравгон гирифтааст. Судшаванда тибқи моддаи 334-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Худсарӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба пардохти ҷарима маҳкум шуд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон дар Душанбе як амалиёти аз гаравгонӣ озод кардани се нафар шаҳрвандони Украина доир гардид. Бино ба маълумоти расмии ВКХ ҶТ, ба гумони даст доштан дар гаравгон гирифтани шаҳрвандони Украина шаҳрванди Қазоқистон ва зодаи Тоҷикистон Сафархоҷа Партоев ва шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳбози Абдуҳалим боздошт шуда, нисбати онҳо аз рӯи моддаҳои 181 (Ғасби гаравгон) ва 259 (Тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Барои озод кардани гаравгонон онҳо гӯё 100 ҳазор доллари ИМА талаб намуда буданд. Пас аз озодӣ шаҳрвандони Украина ба ватан баргаштанд.

Ахири моҳи майи соли равон адвокати Сафархоҷа Партоев, гумонбар ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони Украина оид ба қатъи парвандаи ҷиноӣ ва аз ҳабс озод кардани зерҳимояаш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон дархост ирсол намуд.

Ба қавли адвокат, чун айбдоршаванда Партоев муддати 7 моҳ дар ҳабс қарор дошта, айбнома нисбати ӯ ва Шаҳбози Абдуҳалим исботи худро наёфтанд, моддаи 130, қ. 2 (Одамрабоӣ) ба моддаи 334 (Худсарӣ)-и КҶ ҶТ тағйир дода шуда, ҳар кадоме аз айбдоршавандагон дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори суд озод карда шуданд.