Ба ҳимояи соҳибкори маъруф Зайд Саидов шояд адвокати бритониёӣ Анна Хедман бипайвандад.

Яке аз адвкоатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки зимни муроифиаи имрӯза ҷониби ҳимояи соҳибкор ддар ин бора дархости дахлдор пешниҳод намуда, суд онро баррасӣ ва дар мурофиаи навбатии рӯзи 23-юми сентябр қарори худро дар ин хусус изҳор медорад.

Анна Хедман узви Ассотсиатсияи байнулмилалии адвокатҳо буда, яке аз мутаххасисони варзидаи касби худ ба шумор меравад.

Ба қавли Ш.Қудратов, дар мурофиаи имрӯза соҳибкори қазоқ Серикбол Окушев бозпурсӣ шуда, ӯ баёноти зимни тафтишот додаашро тасдиқ намудааст. «Маҳз бо аризаи ӯ нисбати Саидов мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд», - иброз дошт адвокат.

«Аз ҷониби адвокатҳо ба суд ҳуҷҷатҳои хатттие пешниҳод гардиданд, ки баёноти Окушевро инкор мекунанд ва мо дархост намудем, ки онҳо ба маводи парванда замима шаванд. Суд дархостро қонеъ карда, баъдтар ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ медиҳад», - афзуд Қудратов.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.