Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба аз ҷониби суд уҳдадор шудани маъзарат хостанаш тавассути ВАО аз шаҳрдории Душанбе изҳор намуд, ки «ман ҳатто таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор грифтан ҳам, аз шаҳрдории Душанбе узр намепурсам».

Сабаби ба суд муроҷиат кардани мақомоти шаҳрдорӣ иттилои интишоршуда дар ОИ TojNews буд, ки дар он вакил зимни суханронӣ гӯё изҳор дошта бошад, ки баъди 10 сол Душанбе бидуни дарахт ва «тамоман урён» мешавад.

«Маро мавқеи суд ба тааҷҷуб овард, ки зимни баррасии даъвои шаҳрдорӣ алайҳи ман на ба стенограммаи иҷлосияи палатаи поёнии парлумон, балки ба маводи дар ВАО интишоршуда такя мекард», - иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки суд сабти видеоии суханронии ӯ дар он иҷлосияро ба инобат нагирифтааст, зеро дар он ҷо ин гуна суханон садо надода буданд.

Пас аз қарори суд дар моҳи январ Кабирӣ дарҳол изҳор намуда буд, ки назди шаҳрдорӣ узр пурсиданӣ нест. Зимни як вохӯрӣ дар Эрон бо донишҷӯёни тоҷик ӯ дар ин маврид чунин гуфта буд: «Ман намедонам, ки суд минбаъд чӣ гуна тасмим хоҳад гирифт, вале бори дигар хотиррасон мекунам, ки ҳеҷ гоҳ барои гуфтаҳоям узр намепурсам, зеро ман ҳақиқатро ба забон оварда будам. Ва умуман барои чӣ ман маъзарат хоҳам? Барои он ки узви комиссияи экологии парлумон буда, ин масъаларо ба баррасӣ гузоштам?».

«Мо танҳо барои он узр пурсида метавонем, ки шаҳрвандони ин кишвар буда, ин ҷо зода шудаву зиндагӣ мекунем! Ва мехоҳем бигӯем, ки минбаъд метавонед бибуред, кашонед, фурӯшед, ин кори шумо аст. Аммо узр намепурсем, ин яқин аст», - афзуда буд дар он вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ.