Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар вилояти Суғд 2153 адад қонуншиканиҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, шумори аз ҳама бештари ин ҳодисаҳои қонуншиканиҳои гумрукӣ дар шуъбаҳои гумруки ноҳияҳои Спитамен – 398 ҳодиса, Мастчоҳ – 162 ҳодиса, Ҷаббор Расулов – 127 ҳодиса ва шаҳри Хуҷанд – 282 ҳодиса сабт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои содир гардидани ин қонуншиканиҳо 7 парвандаи ҷиноӣ, барои қочоқи маводи мухаддир – 4 ва қочоқи маҳслуоти ниёзи мардум – 2 парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра дар маҷмӯъ оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ 2146 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1% бештар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаҷми умумии ҷаримабандӣ ва маблағи аз ҷарима ситонидашуда дар ин давра 2364,4 ҳазор сомонӣ ё худ 100%-ро ташкил додааст.