Соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 254 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зииддифасод дар вилояти Суғд хабар доданд, аз ин шумор 54 ҷиноят ҳамчун ҷинояти сатҳи вазнин арзёбӣ шудаааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар вилоят 342 чунин ҷиноят ошкор гардида буд.

Маблағи умумии зиёни расида дар соли 2013 аз ин ҷиноятҳо 21 млн. 383 ҳазору 762 сомониро ташкил додааст, ки 15 млн. 762 ҳазор сомониаш барқарор карда шудааст.

Дар робита ба ин ҷиноёт ба иттиҳоми азхудкунӣ ё камомад, қаллобӣ, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, пешниҳод ва гирифтани пора, сохтакории хизматӣ, тамаъҷӯӣ соҳибкории ғайриқонунӣ, қочоқ, саркашӣ аз пардохти андози шахсони воқеӣ ва ғайра парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ин давра ҳамчунин кормандони Агентӣ дар 174 корхонаву ташкилотҳои вилоят санҷиш гузаронида, дар натиҷа маблаги зарару талафоти гуногуни молиявӣ дар хаҷми умумии 31 млн. 532 ҳазору 543 сомониро ошкор намудаанд.