Мурофиаи судии пешакӣ оид баррасии даъвои як қатор иттиҳодияҳои эҷодӣ ва шахсони ҷудогона нисбати ҳафтавори «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубулина бинобар сабаби ба мурофиа ҳозир нашудани даъвогарон – раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева ва шоир Ҳикмат Раҳматов мавқуф гузошта шуд.

Дар шарҳи сабаби ба мурофиаи ҳозир нашудани даъвогарон намояндаи онҳо Рустам Устобоев изҳор намуд, ки тибқи қонун онҳо уҳдадор нестанд, ки ба мурофиа ҳозир шаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) аз ҷониби муҳаррир даъвогарон аз суд дархост кардаанд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи даъвогарон Устобоев изҳор медорад, ки панҷ иттиҳодияи эҷодӣ танҳо хостори узр пурсидани муаллифанд.

Дар мурофиаи судии рӯзи 26-уми августи соли ҷорӣ ҳимоятгарони ҷониби ҷавобгар эътироз оварданд, ки даъвои пешниҳодшуда беасос ва поймолкунандаи ҳуқуқ мебошад. Дар эътироз зикр гардида буд, ки бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ Тутубалина назари интиқодии худро изҳор намуд, ки дар он манфиатҳои тамоми зиёиён дар назар дошта нашудааст. Ғайр аз ин, ба масъулияти шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ҷалб кардани журналист барои интиқод тибқи Конуститусияи Тоҷикистон, Қонун дар бораи ВАО ва матбуоти даврӣ, Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қатъиян манъ аст.