Дар шаҳри Хуҷанд бо гузашти 10 сол ҷинояти куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъор ошкор гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, санаи 27-уми майи соли 2003 чанде аз афроди мусаллаҳ бо мақсали ғорат ва азхудкунии миқдори зиёди маблағи пулӣ, дар макрорайони 13-уми шаҳри Хуҷанд ба сӯи корманди нуқтаи мубодилаи асъор Бахтиёр Маҷидови 34-сола тир андохта, дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд. Ғоратгарон маблағи пулиро ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

Чанде қабл дар ҷараёни тафтиши идомадошта кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар содир гардидани ин ҷиноят ҳамсояи фавтида, Р.С.-и 33 сола, ки яке аз дастандаркорони ҷиноят маҳсуб меёбад, хеши ӯ А.Ю.-и 32-сола, сокини 37-солаи Хуҷанд А.А. бо лақаби «Азиз», ки қаблан барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудааст ва сокини 33-солаи Хуҷанд Ю.Х.-ро бозошт намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки гумонбаршудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дошта, тафтиш идома дорад.