Дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт таҳти раёсати судя Сурайё Ҷобирова мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои панҷ иттиҳодияи эҷодӣ ва панҷ шахси воқеӣ нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина идома ёфт.

Аз даъвогарон ба суд ду нафар – мудири шуъбаи ҳунари Академияи улум Аскаралӣ Раҷабов ва ёвари раиси Иттиҳоди навсиандагон Ҳикмат Раҳматов ҳозир шуда, изҳор намуданд, ки онҳо мавқеи худро тағйир надода, рӯёнидани 200 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгаронро тақозо мекунанд. Ҷониби ҳимоя дархост намуд, ки сабаби маҳз дархости ҳамин миқдор маблағ шарҳ дода шавад.

«Ман намедонам, ки ин дуруст аст ё на, вале медонам, ки ба талаби маблағ ҳуқуқ дорам. Шояд 200 ҳазор, шояд миллион. Дар ман чунин хоҳиш пайдо шуд», - шарҳ дод мавқеи худро Ҳикмат Раҳматов. «Ман ҳуқуқ дорам, ки 3 миллион ҳам рӯёнам», - афзуд Аскаралӣ Раҷабов.

Ба қавли даъвогарон, калимаи «н…» дар маводи Тутубалина ба онҳо зиёни маънавӣ ва моддӣ ба бор овардааст, вале ҳеҷ гуна далели тасдиқкунадаи ин суханонро онҳо ба суд пешниҳод карда натавонистанд.

Ҳикматов танҳо зикр кард, ки пас аз мутолиаи маводи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) фишори ӯ «аз 200 баландтар шуда, дилаш ба дард омадааст», аммо ба гуфтаи ӯ, ба ҳар як масоил ӯ назди духтур намеравад, то ки ин амал сабт гардад ва аз ин рӯ, хулосаи табибро дар ин хусус пешниҳод карда наметавонад.

Дар ҳаминҳол, зимни посух ба саволҳо ӯ ҳатто номи маводро номбар карда натавонист ва изҳор намуд, ки «мавод он қадр муҳим набуд, ки ӯ онро дар хотир дошта бошад».

Ба саволи намояндаи ҷониби ҳимоя ҳуқуқшинос Иноят Иноятов дар бораи он, ки чаро ӯ маводро таҳқиркунанда мешуморад, Ҳ.Раҳматов посух дод, ки аллакай муддати 60 сол аст, ки худро зиёӣ мешуморад.

Даъвогари дигар А.Раҷабов посух ба тамоми 22 саволро рад намуда, изҳор кард, ки «ӯ олими шинохтатарин» аст ва «ин ҷо барои имтиҳонсупорӣ наомадааст, ки ба чунин саволҳо посух гӯяд».

Раҷабов ба намояндаи даъвогарон дар суд Рустам Устобоев низ ҷавоби саволҳо аз номи ӯро манъ кард. Дар давоми тамоми муддати мурофиа А.Раҷабов суханони дигаронро бурида, дастоварду хизматҳои худро номбар мекард. «Ман зиёӣ мебошам, зиёӣ ҳастам ва зиёӣ ба дунё омадаам», - иброз медошт ӯ.

Мурофиаи судӣ рӯзи 29-уми октябр соати 14:00 идома меёбад.

Ҷониби ҳимоя такроран дархост намуд, ки ба мурофиа президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов ва раиси Иттиҳоди навсиандагони Тоҷикистон Меҳмон бахтӣ ҳозир шаванд. Ба дархост перомуни ба мурофиаи ҳозир шудани Дилбар Абдиева, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев посух дод, ки Абдиева модараш аст ва худаш аз манфиатҳои ӯ ҳимоят мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) аз ҷониби муҳаррир даъвогарон аз суд дархост кардаанд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Дар мурофиаи судии рӯзи 26-уми августи соли ҷорӣ ҳимоятгарони ҷониби ҷавобгар эътироз оварданд, ки даъвои пешниҳодшуда беасос ва поймолкунандаи ҳуқуқ мебошад. Дар эътироз зикр гардида буд, ки бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ Тутубалина назари интиқодии худро изҳор намуд, ки дар он манфиатҳои тамоми зиёиён дар назар дошта нашудааст. Ғайр аз ин, ба масъулияти шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ҷалб кардани журналист барои интиқод тибқи Конуститусияи Тоҷикистон, Қонун дар бораи ВАО ва матбуоти даврӣ, Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қатъиян манъ аст.

Мурофиаи судие, ки оид ба баррасии ин парванда рӯзи 19-уми октябр доир гардида буд, бинобар сабаби ба мурофиа ҳозир нашудани даъвогарон – раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева ва шоир Ҳикмат Раҳматов мавқуф гузошта шуда буд.