Дар ҷараёни чорабинии махсуси БДА ВКД Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ҷавонону наврасон 13 нафар донишҷӯёне ошкор шуданд, ки ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ меоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ин донишҷӯён ба қонуншикани маъмурӣ даст зада, 12 нафарашон донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва як тан толибилми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи тамоми далеҳои ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ ҳозир шудани донишҷӯён ба раҳбарияти муассисаи таълимӣ ва Вазорати маорифи Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад. «Миёни автомашинаҳои ошкоршудаи донишҷӯён навъҳои автомобилҳои хеле гарони истеҳсоли Ҷопон ва ҳамчунин автомашинаҳои нисбатан арзонтар низ вуҷуд доранд», - гуфтанд дар шуъбаи БДА.

Чорабинии мазкур то 31-уми октябр гузаронида мешавад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба муассисаи таълимӣ бо автомашина омадани донишҷӯён ва толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ  манъ аст. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёну толибилмон истифодаи телефони ҳамроҳ ҳангоми ҷараёни таълим низ манъ шудааст.