Вобаста ба ҳолати аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ҷаҳидани Умедҷон Тоҷиеви 34-сола , сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, ки дар содир намудани ҷинояти моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) гумонбар дониста мешавад, бо супориши вазири корҳои дохилӣ санҷиши хизматӣ гузаронида шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ, барои дағалона вайрон намудани талаботи низомномаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне зоҳир намудани бемасъулиятӣ нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ҷаҳидани дастгиршуда Тоҷиев У.И., аз тирезаи бинои ШВКД гардидааст, кормандони масъули ШВКД-1 дар шаҳри Исфара то ба аз вазифа озод намудан ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба ҳамаи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба роҳ надодан ба чунин камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дода шудааст.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста