Собиқ омӯхзгори яке аз мактабҳои олии вилояти Суғд ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ ӯ аз як сокини шаҳри Конибодом 60 ҳазор рубли русӣ маблағ талаб кардааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи вилояти Суғд хабар доданд, сокини шаҳри Конибодом П.Р. ба раёсат муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки собиқ омӯзгор С.Г. моҳи октябри соли 2012 ваъда додааст, ки ба ивази 60 ҳазор рули русӣ барои «мусоидаташ», ӯро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил мекунад, аммо маблаги пулиро гирифта, иҷрои ваъдаро фаромӯш ва барои эҳтиёҷоти худ масраф кардааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати собиқ омӯзгор мутобиқи моддаи 247, қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 66 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 102 далел) ба қайд гирифта шудааст.