Зимни як амалиёти муваффақона кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ нашъаҷаллобонеро дастгир намуданд, ки дар қаламрави пойтахт маводи мухаддирро фурӯхтанӣ буданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, нашъаҷаллобони эҳтимолӣ пас аз анҷоми муомилот дар қаламрави пойтахт боздошт шуда, онҳо сокинони пойтахт будаанд. «Яке аз онҳо қаблан доғи судӣ дошта, муайян карда шуд, ки айни замон ҳарду нашъаҷаллоб муваққатан бекоранд», - гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни кофтукови шахсони гумонбар як бастаи полиэтилении дорои 500 грамм маводи мухаддири ҳашиш, ки барои фурӯш дар қуттиҳои вазелин ҷой шуда буд, дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати шаҳрвандони боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, онҳо дар тавқифгоҳи муваққатии агентӣ қарор доранд ва аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ ҷиҳати муайян кардани шахсони дигари дар ин ҷиноят дастдошта чораҳо андешида мешаванд.