Кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз дар фурудгоҳи Душанбе яке аз шоҳидони асосӣ оид ба парвандаи соҳибкор Зайд Саидов тоҷир Дилшод Раҳимовро боздошт намуданд, ки махсус барои баёнот додан дар суд аз Эрон омад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, адвокати Зайд Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи адвокат, асос барои боздошти Раҳимов он будааст, ки ӯ гӯё аз рӯи парвандаи нисбаташ бозшуда мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. «Вале мо ба хубӣ медонем, ки нисбати Раҳимов ҳеҷ парвандаи ҷиноӣ боз нашуда, ӯ мавриди ҷустуҷӯ эълон нагардида буд. Мо, ҷониби ҳимоя бар ин назарем, ки айни замон Раҳимовро «мутақоид» месозанд, ки дар суд баёноти «зарурӣ» диҳад», - гуфт Қудратов.

Қобили зикр аст, ки тоҷир Дилшод Раҳимов ба суд ба сифати шоҳиди иловагӣ бо дархости ҷониби ҳимояи судшаванда даъват карда шудааст.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.