Исҳоқ табаров яке аз вакили мудофеи  Зайд Саидов имрӯз дар рафти конфронси матбуотӣ гуфт, ки мутобиқи ташхиси озмошгоҳи москвагии «БиоПапа», зерҳимояти ӯ аслан падари фарзанди «ҷабрдидаи таҷовуз нест».

«Мо аз оғоз ба дахл доштани ин кӯдак ба Зайд Саидов бовар надоштем, чунки худи ӯ ҳамеша аз ҷой доштани  яягон навъ алоқа бо зане, ки ӯро ба таҷовуз муттаҳам кардааст, рад мекард. Аз ин рӯ, ман шахман ба озмоишгоҳи «Био Папа»-и шаҳри Москва сафар кардам. Дар натиҷа маълум гашт, ки Зайд Саидов аслан падари он тифл нест», - мегӯяд Табаров.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мувофиқи ин ташхис, метавон гуфт, ки натиҷаҳои ташхиси қаблан аз ҷониби мақомоти дахлдор ба суд пешниҳодшуда, пурра қалбакӣ ҳастанд.

«Имрӯз мо ба ҳамин хотир ҳуҷҷатҳои аз лабораторияи «БиоПапа» дастрас кардаро ба суд пешниҳод намудем ва суд ваъда дод, ки ба ҳамаи он баҳои ҳуқуқӣ медиҳад», - гуфт табаров.