Суди ҳарбии гарнизони Хатлон корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияи миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ Отаҷон Наҷбуддиновро барои оташзании манзили модари худ маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоир Искандаров хабар дод, Наҷбуддинов мутобиқи моддаҳои 255, қ. 2 (Барқсадона нобуд кардан ва зарар расонидан ба амвол) ва 329 (Таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба маблағи 200 нишондиҳандаи ҳисоб, ки 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ҷаримабандӣ карда шуд.

Тибқи маълумоти маводи парванда, санаи 6-уми августи соли равон Наҷбуддинов дар ҳолати сархушӣ ба манзили зисти модари худ воқеъ дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш даромада, бо рехтани 1,5 литр бензин ба фарши роҳрав хонаро оташ мезанад.

Бар асари сӯхтор қисмате аз манзилро оташ фаро гирифта, ҳаҷми зиёни расида 3 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳангоме ки кормандони хадамоти отшнишонӣ барои хомӯш кардани сӯхтор ҳозир мешаванд, Наҷбуддинов ба онҳо муқовимат нишон дода, онҳоро мавриди таҳдиду таҳқир ва ба корашон халал мерасонад.