Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ дар робита ба масъалаи иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ки 10 сол қабл гирифта шуда буданд, дар сомонаи расмии ВКД шарҳ ба интишор расонид.

Дар зер шарҳи мазкурро манзуратон мегардонем:

« Тибқи тағйиру иловаҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 103 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи  тартиби  иҷозатдиҳӣ  барои  идораи  воситаҳои нақлиёт ва  ба  шаҳрвандон  додани  асноди  ронандагӣ» ворид карда шудааст, шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мўҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, масъалаи аз сари нав гирифтани шаҳодатномаро тақозо менамояд, ки барои ин имтиҳон супоридан шарт нест.

Зарурияти дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани мўҳлати ивази расм дар шаҳодатномаи ронандагӣ, ин мутобиқат накардани расми ронандагон дар ҳуҷҷатҳои мазкур бо намуди зоҳирии онҳо  мебошад. Ин ҳолат дар аксар давлатҳо бахусус дар қаламрави Федератсияи Россия, ки мўҳлати истифодабарии ҳуҷҷати ронандагӣ 10 сол муқаррар гардидааст, низ ба назар мерасад ва мушкилот нисбати муҳоҷирони мо эҷод менамояд. Зеро дар ин муддат ҳуҷҷатҳои ронандагӣ фарсуда ва дар баъзан ҳолат корношоям гардида, симои зоҳирии соҳиби шаҳодтнома низ, тағйир меёбад.

Сабаби дигар, ин талаботи Созишномаи Вена оиди ҳаракат дар роҳ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин Созишнома шомил буда, он қоидаи ҳаракат дар роҳ ва як қатор талаботу ҳуҷҷатҳои дигарро ба танзим медарорад.

Мувофиқи талаботи нав ҳуҷҷатҳои ронандагии миллӣ дар ҳама кишварҳои узви Созишномаи Вена, бланкаи якхела истифода гардида, дар он сатрҳо рақамгузорӣ шуданд, ки ҳар рақам ба сатри мувофиқ ба талаботи Созишнома мебошад.

Мақсади асосии тағйирот ин ба стандарти ягона даровардани ҳуҷҷати ронандагӣ буда, сатр ва ҷойгиршавии маълумоти ҳуҷҷатҳои ронандагии Тоҷикистон аз давлатҳои Аврупо фарқ нахоҳад дошт.

Бо ҷорӣ шудани намунаи нави ҳуҷҷатҳои ронандагӣ шаҳрвандони мо дар Руссия ва дигар кишварҳои узви ин Созишнома метавонанд воситаҳои нақлиётро идора намоянд.

Иваз кардани шаҳодатномаи ронандагии айни замон амалкунанда аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли хизматрасонии ҷойи зист дар асоси пешниҳоди ариза, маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти дорои категорияҳои дахлдор будани ронанда ,   шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони сабти қоидавайронкунӣ, инчунин пардохти маблағи бланкаи шаҳодатномаи ронандагӣ (25 сомонӣ), талони қайди қоидавайронкунӣ (9 сомонӣ), гирифтани расм (2 сомонӣ) ва арзиши варақаи квитансия (6 дирам), ҷамъ (36 сомонию 6 дирам)  анҷом дода мешавад ».