Рӯзи 9-уми январ адвокат Файзинисо Воҳидова варақаи иҷрои судро гирифт, ки мутобиқи он бояд ихтиёран дар муддати 5 шабонарӯз ба ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зиён ба мартабаи корӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намояд.

Ба қавли Воҳидова, дар сурати акс иҷрочиёни суд ба таври маҷбурӣ қарори судро ба иҷро мерасонанд. «Аз рӯи қонун онҳо метавонанд амволи маро ба ҳабс гирифта, дар музояда ба савдо гузоранд ва ба ин васила маблағи зарурии давъогарро ҷуброн созанд, вале хушбахтона, боз ҳам тибқи қонун ман ба шикоят бурдан аз болои қарори суд ба зинаи болоӣ – Суди олии иқтисодӣ ҳуқуқ дошта, аллакай рӯзи 13-уми январ ба ин суд аризаи худро пешниҳод мекунам», - мегӯяд адвокат.

Ӯ таъкид намуд, ки аз болои қарори суд метавонист каме барвақт шикоят барад, вале тағйироти кадрӣ дар низоми судӣ баъди интихоботи президентиро интизор буд. «Ман интизорӣ доштам, ки раиси Суди олии иқтисодӣ Наим Мансуров мансабашро тарк мекунад, зеро шикоят бурдан аз болои ширкати «Тоҷирон» ба ӯ кори беҳуда аст. Аммо дар он ҷо ҳеҷ тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ напайваст, вале аз рӯи ин парванда ман тамоми зинаҳои судиро паси сар мекунам», - иброз дошт Воҳидова.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки ин танҳо зинаҳоеанд, ки ӯ бояд тибқи қонун онҳоро паси сар намояд ва минбаъд ин парвандаро ба баррасии ниҳодҳои байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод карданист.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли 2013 ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ даъво пеш овард.