Маҳбуси ба 17 соли зиндон маҳкумшуда Умед Тешаев, ки шоми 16-уми феврали соли ҷорӣ бо қайчӣ сардори тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро ба қатл расонд , пас аз ҳодисаи куштор аз дидори наздиконаш маҳрум гашт. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» вакили дифоъи маҳбус Раҳмоналӣ Раҷабов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, наздикони Тешаев пас аз ҳодисаи рӯхдода танҳо як маротиба иҷозаи дидор доштанду халос. Дигарбора бо сабаҳои номаълум кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ онҳоро ба назди Умед Тешаев роҳ надодаанд. Дар робита ба ин 12-уми март вакили дифоъ аз номи наздикони Умед Тешаев ба додситонии минтақавии Кӯлоб аризаи шикоятӣ пешниҳод кард ва талаб намуд, ки монеае дар дидорбинии зерҳимояташ бо наздиконаш эҷод нагардад.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳодисаи фавти сардори тавқифгоҳ экспертиза гузаронида шуд, ки мувофиқи он, ҳолати равонии Умед Тешаев носолим арзёбӣ шудааст.

Мутобиқи иттилои Вазорати корхои дохилли Точикистон, Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба муҳлати 17 сол зиндонӣ шуд. Маҳкумшуда санаи 31-уми августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш мизоҷ Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд зада, ӯро ба қатл расонд.

Сардори тавқифгоҳи муваққатии Кӯлоб Умар Қаюмов, ки беш аз 12 сол дар ин мақом буд, бояд соли 2015 ба нафақа мебаромад. Ӯ соли 1948 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.