Прокуратураи ҳарбӣ нисбати сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов, ки сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоевро мавриди лату кӯб қарор дода, дар натиҷа гардани ӯро шикаст, мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Падари сарбози ҷабрдида Нуъмон Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки дар ин бора ба ӯ муовини аввали прокурори ҳарбии ҶТ Дилшод Исломов хабар додааст.

«Ғайр аз ин, мо дар бораи ин ҳодиса ба президенти кишвар бо нома муроҷиат карданием, то ки минбаъд аз чунин ҷиноятҳо пешгирӣ карда шавад», - гуфт падари сарбоз.

Айни замон Шаҳбол Мирзоев дар бинои 5-уми Маркази миллии тиббӣ бистарӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 6-уми март ӯ бо дарди дандон ба табиби қисми ҳарбиаш муроҷиат кардааст, вале баъдтар дар саҳни ҳавлии бунгоҳи тиббӣ фелдшер Усмон Ғайравтов ҳамроҳи дигар фелдшерҳо ӯро мавриди таҳқир қарор дода, бесабаб мавриди лату кӯб қарор додаанд ва аз ҳама бештар ӯро Усмон Ғайратов задааст. Дар натиҷа гардани сарбоз шикаста, пои чапаш аз ҳаракат бозмондааст ва ҳарду дастонаш осеб дидаанд.