Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси бисёрмарҳила оид ба боздошт намудани шахсоне, ки бо интиқоли маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя машғул буданд, тақрибан 120 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ якҷоя бо сохторҳои қудратӣ 18 кг 829 грамм маводи нашъаовари гашишро мусодира намуданд.

Амалиёти дуюмро кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ба анҷом расониданд. Дар шаҳри Хуҷанд бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 49-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт гардид, ки аз ӯ 96 кг маводи нашъаовари ҳашиш ёфт ва мусодира гардид, инчунин шарики ҷинояти ӯ – сокини 32-солаи ҳамин ноҳия боздошт гардид, ки маводи нашъаовар ба ӯ тааллуқ дошт.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки сокини 49-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қаблан барои “бандитизм” ва “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ба 13 соли маҳрум шудан аз озодӣ суд шуда буд, аммо пас аз ба озодӣ баромадан хулосаи зарурӣ набаровард.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд. Айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани ҳамаи шахсоне, ки ба ҷиноятҳои мазкур даст задаанд, чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.