Корманди шуъба оид ба масоили маъмурӣ-ҳуқуқии шаҳри Чкаловск ҳангоми гирифтани пора боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди шуъба Х.М. аз сокини ҳамин шаҳр К.А. барои таҳияи ҳуҷҷатҳои манзили зисти бародари марҳумаш 1 ҳазору 900 доллари ИМА маблағи пулӣ талаб кардааст. «Ҳангоми гирифтани маблағи мазкур ӯ аз ҷониби кормандони раёсат бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, нисбати ин корманд мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 33 далели порагирӣ аз ҷониби шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.