Дар рӯзи аввали таҷлили ҷашни Наврӯз кормандони милиса беш аз 10 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон – Адҳам Одинаеви 30-сола ва Абдулло Қарахонови 25 сола боздошт ва аз онҳо зиёда аз 9 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз бо далели даст задан ба ин ҷиноят сокини дигари ноҳияи Ҳамадонӣ Сайҷаъфар Сониеви 30-сола бо 318  грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва сокини шаҳри Турсунзода Нурулло Комилови 51-сола бо 870 грамм маводи нашъадори навъи афюн дастгир карда шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.