Зимни баргузори чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Аҳлиддин Сафаров боздошт шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 10 кг 858 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира намуданд.  

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Данғара дар вақти кофтукови шахсӣ бо 970 грамм маводи нашъадори «афюн» шаҳрванд Ғуломов Мирзоалӣ, соли таваллудаш 1970, сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад. ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.