Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони раёсати муборизаи бар зидди қочоқи Хадамоти гумрук се далели фурӯш, нигаҳдошт ва интиқоли ғайриқонунии маводҳои нашъадор ошкор карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, сокини деҳаи катдараи ноҳияи Ҳамадонӣ, Қурбонов Худойдоди 30 сола 8-уми апрел дар ноҳияи мазкур дастгир карда шуд, ки ҳангоми боздошт аз ӯ 8 адад бастаҳои маводи навъи ҳашиш дарёфт карда шуд. Бо бурдани тафтишоти пешакии кормандони фаврии раёсати мазкур муайян намуданд, ки номбурда на танҳо ба фурӯш балки ба нигоҳдошти ғайриқонунии маводҳои нашъдор даст доштааст. Ҳангоми кофтукови хонаи истиқоматии Қурбонов Худойдод бошад, аз даруни нақлиёти куҳнаи партофташуда боз 12 бастаи дигар ёфт ва мусодира карда шуд.

Чуноне, ки худи гумонбаршуда мегӯяд, маводҳои мазкурро аз як нафар дусти афғониаш бо мақсади фурӯхтан гирифтааст.

Дастгиршуда бо мақсади амали намудани кирдорҳои ношоистааш маводҳоро пинҳон намуда дар ҷустуҷӯи харидор мешавад. Баъдан ба маблағи ду ҳазор сомонӣ ду маротиба як қисми маводи нашъадорро фурӯхта бо харидор маслиҳат менамояд, ки бар ивази автомашинаи тамғаи опел маводҳои боқимондаро дода боз аз дусти афғонаш навъи боз ҳам хубтари чарсро дастрас менамояд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Кулоб бошад, сокини шаҳри Кулоби вилояти Хатлон Маҳмадалии Маҳмадулло соли тавллудаш 1989 ҳангоми гузаштан аз қайд ва назорати гумруки зери шубҳаи кормандони гумрук қарор гирифт. Ҳангоми муоинаи шахсии шаҳрванд бошад аз дохили либоси тагпӯши ӯ зиёда аз 600 грам маводи нашъадори навъи ҳашиш ёфт мегардад.

Нисбати далелҳои номбурда тафтишот идома дошта парвандаи ҷиноятӣ бо дастрасии моддаҳои 200 ва 289-и КҶ ҶТ оғоз карда шудааст.