Дар вилояти Суғд волидайни боз як толибилми мактаб барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, нисбат ба сокини ноҳияи Ашт Р.М. мутобиқи моддаи 164-и КҶ ҶТ (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки аз моҳи ноябри соли 2012 Р.М. ба таҳсили писари худ, хонадаи синфи 4-ум монеъа эҷод мекардааст. Тафтиш аз рӯи ин далел идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд, соли 2013 дар шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон 28 нафар падару модарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ҳамчунин дар ин давра барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ оид ба таълиму тарбияи фарзандон 338 нафар волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд.