Суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро қонеъ сохта, бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзодаи мутааллиқ ба оилаи Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро мусодира кард. Имрӯз, 21-уми апрел суд дар ин хусус ҳалнома содир намуд.
Бо қарори суд, иншооте, ки дар он бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст, ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷт баргардонида мешавад.
Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс» аз толори суд, суд тамоми дархостҳои ҷавобгарон ва нотариусро рад намуда, ҳамчунин онҳоро ба пардохти 36 сомонӣ ба нафъи давлат уҳдадор намуд. Ҳамчунин бо қарори суд давлат ба соҳибмулкони бозор ҳеҷ маблағе пардохт намекунад.
Ба савол дар бораи вазъи минбаъдаи бозор судя чунин посух дод: «Дар аризаи Агентии зиддифасод сухан на сари бозор, балки сари иншооте меравад, ки ғайриқонуни хусусӣ гардонида шудааст ва бояд дар ихтиёри Кумита қарор дошта бошад. Мо онро ба соҳибмулкони ҳақиқиаш баргардонидем».
Рӯзи ҷумъа ҷонибҳо сухани ниҳоии худро ироа дошта буданд. Дар сухани ниҳоии худ Муҳиддин Кабирӣ аз суд хоҳиш кард, ки дархости ӯ дар бораи изҳороташ бобати ангезаи сиёсӣ доштани парванда ба инобат гирифта шавад. Мазмуни дархосташро ӯ шарҳ надод.
«Ман қаблан ҳам ба судя гуфта будам, ки агар мурофиа мутобиқи қонунгузорӣ сурат гирад, ман дар он иштирок мекунам, вале агар чунин набошад, ҳузури ман маъное надорад. Судя ба ман ваъда дод, ки ҳамааш мунсифона ҳал мешавад ва ман умедворам, ки ҳамин тавр мешавад», - гуфт Кабирӣ ба журналистон.
Дар ҳамин ҳол, Солеҳҷон Носиров, намояндаи Агентии зиддифасод аз суд талаб кард, ки ин иншооти варзишӣ, ки замоне тахриб гардидаву ба ивазаш бозор сохтаанд ба давлат баргардонида шавад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Агентӣ бояд ба раиси ҲНИТ 836 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.
«Ин маблағ таҳқиромез аст, зеро ҳанӯз чанд сол қабл аз рӯи нарҳҳои ҳамонвақта зерҳимояҳои ман ин бозорро бо нархи 200 ҳазор доллари ИМА харидаанд», - изҳор кард дар ин робита Бузургмеҳр Ёров, адвокати оилаи Кабирӣ.
Агентии зиддифасод аз суд тақозо намуда буд, ки бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки муталлиқ ба оилаи Кабирӣ ва хешони ӯ аст, ғайриқонунӣ ва бо нақзи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда хусусӣ гардонида шудааст ва бояд ба ихтиёри давлат баргардонида шавад.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста