Ширкати Group DF, ки дороиҳои соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташро муттаҳид ва идора мекунад, рӯзи 28-уми апрел дар робита ба даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии ҶСП КМ «ТоҷикАзот» изҳорот интишор намуд.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки айни замон саҳҳоми дорои 75%-и ҳиссаи сармояи оинномавии корхонаи муштарак ширкати «ОСТАРК ВЕНЧУРЗ ЛИМИТЕД» (OSTARK VENTURES LIMITED) мебошад, ки соҳибмулкаш Дмитрий Фирташ аст.

Дар идомаи изҳорот зикр мегардад, ки ширкат дар назди корхонаи муштарак тамоми уҳдадориҳои молиявии худро иҷро намудааст. «Тӯли ин солҳо ширкат ба фонди оинномавӣ ва рушди корхонаи мазкур беш аз 17 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда, аз замони таъсиси ин корхонаи муштарак ба буҷети Тоҷикистон 45 млн. 610 ҳазору 642,72 сомонӣ маблағ ворид карда шуд», - гуфта мешавад дар изҳорот.

«Мо даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистонро беасос ва номутобиқ ба қонунгузории ҶТ мешуморем ва дар тамоми зинаҳои судӣ, бо шумули суди байнулмилалӣ аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят мекунем», - омадааст дар изҳороти ширкат.

Ҳамчунин изҳор карда мешавад, ки ба иллати қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон, фаъолияти «ТоҷикАзот» аз моҳи декабри соли 2008 боздошта шудаааст.

«Барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти корхона тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Имрӯз ҳам дар корхона 260 нафар машғули кор буда, ширкат ҳар моҳ ба онҳо музди меҳнат ва то роҳандозии интиқоли гази табиӣ аз конҳои маҳаллӣ маблағҳои зарурии буҷетро низ пардохт мекунад. Бо барқарор шудани таъмини корхона бо газ корхона ба кор даромада, ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои бахши кишоварзии Тоҷикистон оғоз мекунад», - зикр мекунанд дар Group DF.

Қобили зикр аст, ки имрӯз, 28-уми апрел дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон мебоист мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» оғоз мегардид, аммо бо сабабҳои номаълум оғози мурофиаи ба 23-юми июн мавқуф гузошта шуд.

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот даъво пеш овард. Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.

Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» моҳи декабри соли 2012 дар заминаи ҶСК «Азот» таъсис дода шуда, нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад. Айни замон бинобар сабаби қатъ шудани интиқоли гази табиӣ корхона фаъолият надорад.

Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи ҶТ, зимни таъсиси корхонаи муштарак Фирташ ба фонди оинномавӣ танҳо як қисмате аз маблағи заруриро пардохтааст. Баъдтар ин воситаҳо барои харидани саҳмияҳои ду корхонаи дигари саноатии Тоҷикистон – ҶСП «Абрешим» дар Хуҷанд ва ҶСП «Гулистон» дар Душанбе масраф шуданд, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод Фирташро ба он муттаҳам медонад, ки ширкати ӯ дар фурӯши таҷҳизот барои истеҳсоли маводи кимиёвӣ иштирок карда, аммо ҷониби Тоҷикистон, ки дорои 25%-и саҳмияҳои корхона аст, дар бораи фурӯш огаҳ карда нашуда, аз муомилоти анҷомёфта ҷуброн нагирифтааст.

Дмитрий Фирташ ба чоргонаи доротарин шахсони Украина шомил буда, 12-уми марти соли 2012 бо дархости Бюрои федералии тафтишот (ФБР) дар шаҳри Вена боздошт шуд.