Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи рӯзи 28-уми апрел дар Хоруғ бо муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро шарҳ дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, мувофиқи гузориши корманди ШВКД дар шаҳри Хоруғ рӯзи 28.04.с.2014, соати 14:00, дар утоқи кории Ҳизби Наҳзати Ислом дар шаҳри Хоруғ муноқиша миёни аъзоёни Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса рафтан маълум гардид, ки муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумари Ҳусайни бо гурӯхи корӣ ба Бадахшон сафари хизматӣ анҷом доданист.

Вале ҳангоми гуфтушунид миёни аъзоёни Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Раиси Ҳизби Наҳзати Ислом дар шаҳри Хоруғ Булбулов Асрор Имомбердиевич муноқиша ба миён омадааст.

Дар натиҷа, ҷойи ҳодиса аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хоруғ азназар гузаронида шуда, шоҳидон пурсида шуданд.

Аз он ҷумла, собиқ Раиси Ҳизби Наҳзати Ислом дар шаҳри Хоруғ Булбулов Асрор Имомбердиевич ва чанде дигарон ба ШВКД дастрас шуда, мавриди пурсиш қарор дода шуданд.

Собиқ Раиси Ҳизби Наҳзати Ислом дар шаҳри Хоруғ Булбулов Асрор Имомбердиевич арз намуд, ки муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумари Ҳусайни ва Раиси Дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шонаими Карим ба воситаи баромади худ дар дигар минтақаҳо мардуми Бадахшонро бо гапҳои пасту баланд таҳқир намудаанд. Бинобар ин, мо аъзоёни Ҳизби Наҳзати Ислом дар Бадахшон рафта, ӯро маҷбур сохтем, ки аз мардуми Бадахшон узр пурсад.

Худи муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумари Ҳусайни ва Раиси Дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шонаими Карим ба ШВКД ҳозир нашуданд ва ягон арзу шикоят накарданд.

Бинобар маводҳои ҷамъовардашуда қарори лозимӣ қабул карда шуда, барои мувофиқа ба Прокуратураи шаҳри Хоруғ фиристода шуд.