Суди вилояти Хатлон санаи 26-уми ноябр маҳбуси аз зиндон фироркарда Намозалӣ Сатторовро, ки мутобиқи 4 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф гардид, ба ҳабси абад махқум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, маҳкумшуда тибқи моддаҳои 365 (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ), 130, қ. 3, б. «б» (Одамрабоӣ бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда), 138, қ. 3 (Таҷовуз ба номус) ва 139, қ. 4 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ба Намозалӣ Сатторов ҳукми ҳабси абад таъин карда шавад ва суд дархости ӯро қонеъ намуд.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи вилояти Хатлон маҳбуси фироркардаро, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста шуда буд,  мавриди ҷустуҷӯ эълон карда буд.

Маҳбус Намозалӣ Сатторов дар муассисаи ислоҳии «Кирпичная»-и шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ адои ҷазо мекард, вале 15-уми сентябри соли равон аз зиндон гурехта, дар шаҳри Қӯрғонтеппа маскан гирифта буд.

Дар ин шаҳр ӯ бо Г.З., зани бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудошуда шинос ва бо ӯ зиндагӣ мекардааст. Дар остонаи Иди Қурбон ӯ ба зан мегӯяд, ки духтари 5-сола ва писарчаи 3-соларо барои ба тартиб овардани мӯи сарашон ба сартарошхона мебарад, аммо писарчаро дар сартарошхона гузошта, духтачаро бо худ ба ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва дар яке аз майдонҳои он ҷо ба номуси духтарча таҷовуз мекунад. Сокинони маҳаллӣ духтарчаро дар ҳоли беҳушӣ дарёфт карда, ба мақомоти интизомӣ хабар дода буданд.

Падари маҳбуси фироркарда баъди чанде макони будубоши ӯро муайян карда, дар ин бора ба мақомоти милиса хабар дод. Нимаи моҳи октябр Намозалӣ Сатторов дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Он замон дар прокуратураи вилояти Хатлон хизҳор дошта буданд, ки чун падари маҳбуси фироркарда огаҳ мегардад, ки фарзандаш бо кӯдак чӣ амале анҷом додааст, шахсан ваъда додааст, ки дар дарёфти писараш ба мақомот кумак мекунад.